Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки пандемияи фарогири коронавирус ба раванди номгузории сокинон таъсир гузошта, шумораи муроҷиаткунандаҳо барои дигар намудани исмашон ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст.
Дар ҷаласаи навбатии порлумон, вакилон бо ворид намудан ба "Қонун дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", муҳлати баррасии ариза барои иваз намудани ному насабро кам намуданд. То ҳол чунин мӯҳлат се моҳ пешбинӣ шуда буд ва бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", он ба як моҳ кам карда шуд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии тарҳ дар парлумон гуфт, "дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок, мӯҳлати барраси намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад".
Ашуриён таъкид намуд, ки дар 10 моҳи соли равон 17 ҳазор нафар барои иваз намудани ному насабашон ба мақомоти сабти асндоди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, чунин омор дар соли гузашта 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вазири адлия шарҳ дод, ки сабаби коҳиши муроҷиатҳо барои дигар намудани ному насаб, пандемияи коронавирус аст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи апрели имсол дар номгузории миллии Тоҷикистон гузоштани пасвандҳои "ов"-у "вич" ва "ова"-ю "овна" дар насаби сокинон манъ карда буданд. Он замон ҳадаф аз чунин тағйиротро муаллифони қонун, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ ва ҳифзи асолати миллии мардуми Тоҷикистон унвон карданд.
Масъалаи иваз намудани ному насаб дар гузашта борҳо боиси нигарониҳо шудааст. Аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ мегӯянд, бо гирифтани пасвандҳои "ов"-у "вич" ва "ова"-ю "овна" аз ному насабашон гоҳе дар Русия ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд.