Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлияи Амрико: "Нишонаҳое аз тақаллуб дар интихобот, ки битавонад натиҷаро тағйир диҳад, вуҷуд надорад"


Президент Доналд Трамп ва вазири адлия Вилям Барр.
Президент Доналд Трамп ва вазири адлия Вилям Барр.

Вилям Барр, вазири адлия ва Додситони кулли Амрико рӯзи сешанбеи 1-уми декабр гуфтааст, ки ин вазорат дар таҳқиқоти худ дар бораи интихоботи президентии соли 2020, далелу санаде аз тақаллуби густурда, ки битавонад натиҷаи интихоботро тағйир диҳад, ба даст наовардааст. Ин изҳороти вазири адлия Амрико эътирози вакилони дифои Доналд Трампро дар пай доштааст.

Вилям Барр дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" баён доштааст, додситонҳои федералӣ ва FBI (Идорати таҳқиқоти федералии Амрико) шикоятҳо ва маълумоти хосеро, ки дар бораи тақаллуб дар интихобот дарёфт карда буданд, мавриди таҳқиқ қарор доданд, аммо далел ва нишонаҳое, ки натиҷаи интихоборо тағйир диҳад, пайдо накарданд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" мегӯяд, изҳороти Вилям Барр аз ин ҷиҳат аҳамият дорад, ки ӯ аз муттаҳидони наздики Доналд Трамп аст. Ӯ ҳамчунин пеш аз интихобот чандин бор нисбат ба шаффофияти интихобот ва тақаллуби густурда дар раъй додан аз тариқи пост ё почта, ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Рудолф Ҷулиан ва вакилони дифои Доналд Трамп дар баёнияе гуфтаанд, бо ҳама эҳтироме, ки ба Додситони кулли кишвар доранд, таҳқиқоти дуруст анҷом нашудааст. Вакилони дифои Ситоди интихоботии Доналд Трамп мегӯянд, санаду далелҳо дар бораи қонуншиканӣ дар интихоботро пешниҳод кардаанд.

Вазири адлияи Амрико моҳи гузашта ва пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба додситонҳо дар саросари он кишвар дастур дода буд, ҳаргуна шикоят ва иддаоҳо дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд.

Бар асоси омори эъломшудаи интихоботи президентии севуми ноябр, Ҷо Байден бо ба даст овардани 306 раъйи Коллеҷи интихоботӣ ба пирӯзӣ расид ва Доналд Трамп 232 раъй касб кард. Дар мизони умумии оро дар сатҳи кишвар низ Ҷо Байден бо беш аз шаш миллиону 200 ҳазор раъй, аз Доналд Трамп пештар аст.

Доналд Трамп то ҳол пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи президентиро ба расмият нашинохта ва бидуни пешниҳод кардани санаду далел, рақиби худро ба тақаллубкорӣ муттаҳам кардааст.

Пеш аз ин низ як мақоми баландпояи амнияти кибернетикӣ дар Вазорати амнияти дохилии Амрико ба шаффоф будани интихоботи президентӣ таъкид карда буд, вале ӯ аз сӯи Доналд Трамп ихроҷ шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе вакилони Ситоди интихоботии Доналд дар шикояте ба Додгоҳи олии Амрико хостори бекор кардани орои фиристодашуда тариқи почта дар иёлати Висконсин шуданд. Дар ин шикоят гуфта шудааст, ки кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ дар ин иёлат худ бархе аз маълумоти набударо дар орои фиристодашуда тариқи почта ғайриқонунӣ изофа кардаанд.

Дар ин шикоят дархост шудааст, ки беш аз 221 ҳазор раъй бекор карда шавад. Ҷо Байден дар ин иёлат аз Доналд Трамп 20 ҳазор раъй бештар ба даст овардааст. Трамп дар интихоботи соли 2016 дар ин иёлат ба пирӯзӣ расида буд.

XS
SM
MD
LG