Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон солона ба баҳсҳои додгоҳии байналмилалӣ то 13 млрд танга сарф мекунад


Марат Бекетаев, вазири адлияи Қазоқистон.
Марат Бекетаев, вазири адлияи Қазоқистон.

Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетаев гуфт, ки кишвараш солона дар баҳсҳои додгоҳии байналмилалӣ чи қадар харҷ мекунад. "Мутаносибан 12 - 13 миллиард танга (то 31 миллион доллар) аст", - изҳор дошт Марат Бекетаев.

Бекетаев аз ифшои харҷҳо дар баҳси додгоҳӣ бо соҳибкорони хориҷӣ Анатолӣ ва Габриэл Статиҳо, ки Қазоқистонро ба додгоҳи байналмилалӣ кашида буданд, ба далели "сирри қарордодӣ бо ширкати машваратӣ" худдорӣ кард. Вале гуфт, вазорат дар мавриди харҷҳо "лимит" дорад.

"Агар ба ҳуқуқшиносон на бештар аз даҳ дарсади пули баҳс сарф шавад, корсоз шумурда мешавад. Фарз кардем, агар пули даъво 100 миллион доллар бошад ва харҷи ҳуқуқшиносон аз 10 миллион доллар гузарад, онро харҷи ғайрисамаранок меномем. Вале агар харҷ аз 10 миллион камтар бошад, мо онро кори самарабахш дар мавриди ҳимояти манфиатҳо меҳисобем", - афзуд вазири қазоқ.

Баҳси додгоҳии Статӣ бо ҳукумати Қазоқистон чандин сол аст, идома дорад. Анатол Статӣ ва писараш Габриэ, ки ба бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ карда буданд, Остонаро ба кӯшиши ғасби рейдерии амволи худ айбдор ва беш аз чаҳор миллиард доллар ҷуброн талаб карданд.

Пештар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ баҳсро ба нафъи соҳибкорони молдовӣ ҳал карда, аз Қазоқистон хост, ба онҳо беш аз 500 миллион доллар диҳад. Вале Қазоқистон барои лағви ҳукм талош дорад.

XS
SM
MD
LG