Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCHA: соли 2021 эҳтиёҷи ҷаҳон ба кӯмаки башарӣ фавқулодда зиёд мешавад


Афғонистон
Афғонистон

UNOCHA – дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии ёриҳои башарӣ мегӯяд, “шок”-е, ки ҷаҳон бар асари пандемияи коронавирус шоҳид шудааст, эҳтиёҷ ба афзоиши бесобиқаи ёриҳои башариро ба миён овардааст. Ба ҳисоби тахминии ин созмон, соли 2021 чоряк қисми як миллиард аҳолии ҷаҳон ба чунин ёриҳои изтирорӣ ниёз хоҳанд дошт. Дар гузорише, ки 1 декабр нашр шуд, UNOCHA пешгӯӣ кардааст, ки дар соли оянда шумори мардуми ниёзманд ба ёрии башарӣ дар қиёс бо соли ҷорӣ 40 дарсад афзоиш меёбад. Ин гузориш мегӯяд, агар ҳамаи ниёзмандони чунин ёриҳо сокини як кишвар бошанд, шумори онҳо 235 миллион нафарро ташкил медод.

Ин созмон мегӯяд, ки соли оянда бояд кӯмакҳояш ба 159 миллион аҳолии ниёзманди сайёра дастрас шавад ва ин 35 миллиард долларро талаб мекунад. Ин 2 баробар бештар назар ба хароҷоти ҳамсони соли ҷорӣ мебошад, вале эҳтимоли ба ҳадаф нарасидани ин барномаҳо ҳам вуҷуд дорад.

Марк Ловкокк - муовини дабири кулли СММ дар умури кӯмакҳои башарӣ ва раҳбари UNOCHA гуфт, “манзарае, ки барои ёриҳои башарии соли оянда мебинем, бисёр торик аст, чун пандемия ба кишварҳои аз ҳама осебпазир ва заъиф таъсир кардааст”. Ловкокк гуфт, ки барои аввалин бор баъди солҳои 1990 мизони фақри фавқулодда афзоиш меёбад ва умри инсон камтар мешавад, илова ба ин, интизор меравад, ки ҳодисаҳои марг бар асари HIV, сил ва вараҷа ду баробар афзоиш меёбад.

“Барои сарватмандон рӯшании охири нақб дидашаванда аст, вале барои ҷаҳони фақр на. Бӯҳрони COVID-19 миллионҳо нафарро ба ҳолати фақру нодорӣ овард ва эҳтиёҷ ба ёриҳои башариро фавқулодда зиёд кард”.

Эҳтимол меравад, ки СММ барои пӯшиши ин ҳама эҳтиёҷҳо дар соли оянда 2 миллиард доллар бештар маблағ тақозо кунад ва дар умум ин талабот 20 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Бино ба арзёбиҳои Ловкокк, мушкилтарин ҳолат дар Яман ва баъди он дар кишварҳои мисли Афғонистон, Конго, Ҳаити, Нигерия, Судони Ҷанубӣ, Украина ва Венесуэла мушоҳида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG