Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду моҳ дар Узбекистон наздики 20 тан қурбонии газ шуданд


Узбекистон. Як манзил пас аз таркиши газ. Акс аз бойгонӣ.
Узбекистон. Як манзил пас аз таркиши газ. Акс аз бойгонӣ.

Субҳи рӯзи гузашта дар натиҷаи таркиши газ дар манзили зисте дар ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканди Узбекистон ду кас кушта ва ду тани дигар маҷруҳ шуданд. Рӯзи 25 ноябр дар ноҳияи Ҳаваси вилояти Сирдарё дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газ чаҳор узви як хонавода, аз ҷумла се кӯдак фавтид.

Ба иттилои мақомот, субҳи 30 ноябр дар маҳаллаи Кирарики ноҳияи Янгиюл таркиш ва оташсӯзӣ рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон гуфт, ду тан аз аъзои хонавода фавтида, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Дар ду моҳи охир дар Узбекистон на камтар аз 12 кас дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газ фавтидаанд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, талаби ҷуброн аз ширкати таъминкунандаи газ кори беҳуда аст: то ин замон касе дар Узбекистон талош накардааст, ки ҷуброн талаб кунад.

Рӯзи 26 ноябр додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки дар натиҷаи заҳролудшавии чаҳор узви як оила парванда боз кардааст. Аммо касе аз мақомоти Узбекистон масъулияти заҳролудшавии сокинонро ба душ намегирад.

Шералӣ Сатторов, сухангӯи Эътилофи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, вай иттилоъ надорад, ки оё касе барои марги пайвандонаш аз мақомоти кишвар ҷуброн талаб кардааст ё на.

"Айни замон ҳаминро медонам, ки соҳибкоре аз Самарқанд баъди қатъшавии бемавриди неруи барқ ва пажмурда шудани ниҳолҳои гармхонааш аз ширкати таъминкунандаи барқ наздики 96 ҳазор доллар ҷуброн талаб дорад", - гуфт Сатторов.

Вай афзуд, ширкатҳои таъминкунандаи барқу газ инҳисорталаб ҳастанд ва омода нестанд, ки айбҳояшонро эътироф кунанд. Ба ин далел сокинон наметавонанд аз онҳо ҷуброн талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG