Дар Туркманистон чандин нашрия ва маҷалларо ба хотири сарфаи пули буҷа ва коғаз муттаҳид бисозанд.
Барои намунаи электронии нашрияҳо обунаи ягона пешниҳод ва шакли коғазии онҳо танҳо ба нафақахӯрон фиристода мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Медиа-Туркман" иттилоъ додааст.
Қарор аст, нашрияҳои "Ватан", "Эҳё", ду маҷалла бо ин ном, "Нашрияи омӯзгор" ва "Забони туркманӣ" муттаҳид карда шаванд. Ин иқдом ба ҳукумати Туркманистон имкон медиҳад, ки 123,7 тонна коғаз сарфа кунад.
Нашрияҳо аз соли 2021 муттаҳид гардонида шуда, шакли электронии онҳо тавассути низоми ягонаи обунаи ҳатмӣ фиристода мешавад. Пули обуна барои як нафар 60 манат - ҳудуди 17 доллар бо қурби расмӣ хоҳад буд.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта буд, ки табдили нашрияҳо ба шакли рақамӣ онҳоро замонавитар хоҳад кард.