Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов пешниҳоди лағви мақоми расмии забони русиро дар Қирғизистон нодуруст номид


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Сарвазири собиқ ва яке аз довталабони асосии курсии президентӣ дар Қирғизистон, Содир Ҷабборов, пешниҳодҳоро дар бораи бекор кардани мақоми расмии забони русӣ дар ин кишвар "комилан нодуруст" номид.

Ӯ дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, "забони русӣ дар кишвари мо бояд ҳамчун забони расмӣ бимонад".

"Яке аз аъзои Маҷлиси конститутсионӣ пешниҳод кард, ки мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Ин пешниҳод комилан нодуруст аст. Забони русӣ яке аз шаш забоне аст, ки дар минбари Созмони Милали Муттаҳид истифода мешавад. Ба ҷуз ин, забоне ҳаст, ки мардумро муттаҳид месозад ва онро тӯли садсолаҳо истифода мебарем. Ҳамкорӣ ва робита бо кишварҳои АвруОсиё бидуни забони русӣ номумкин аст", -- афзудааст Ҷабборов.

Узви Маҷлиси конститутсионии Қирғизистон Садирдин Торалиев дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр пешниҳод карда буд, он банди Конститутсияро, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ медиҳад, бекор кунанд.

"Ман мефаҳмам, ки шаҳрвандон ҳар қадаре забон бештар донанд, ҳамон қадар хуб аст ва мо низ ба воситаи забони русӣ ба бисёр чизҳо ноил шудем. Вале бояд қонуни алоҳидаеро қабул карда, забонҳои хориҷиро рушд диҳем. Дар Конститутсия танҳо мақоми забони қирғизӣ дарҷ ёбад", -- изҳор дошт Торалиев.

Тибқи Конститутсияи ҳозираи Қирғизистон, забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ дорад. Иттиҳоди нерӯҳои сиёсии Қирғизистон, ки соли 2019 ислоҳоти конститутсиониро хостор шуда буд, пешниҳод кард, то мақоми расмии забони русӣ бекор шавад. Вале иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сафири Русия гуфт, ин масъала баррасӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG