Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш голи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба дарвозаи "Орзу-2026"


Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаинаро дар Душанбе рӯзи 25-уми ноябр бо бозии санҷишӣ ба анҷом расонид.

Ҳарифи дастаи мунтахаби наврасони кишвар дастаи "Орзу-2026" -и Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) буд, ки имсол ғолиби лигаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) гардид.

Бозии санҷишӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби бузурги 6:1 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби наврасонро Суннатулло Азизов, Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Аббос Андалебов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Абдулло Шарифов ва Қурбоналӣ Муродов ба самар расониданд. Голи ягонаи дастаи Академияи футболи ФФТ-ро Сабзалӣ Ҳамроев зад.

Бо ҳамин бозии санҷишӣ ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ба поён расид. Дар ҷамъомад 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – ширкат дошт.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ марҳилаи навбатии омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё моҳи декабр дар назар аст. Зимнан, футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё (U-16), ки ба соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Умон, Яман ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳанд кард.

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола соли 2021 дар Баҳрайн доир мегардад, аммо санаи дақиқи баргузории мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст.

XS
SM
MD
LG