Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ аз боздошти афроди марбут ба ДОИШ хабар дод. Як нафар аз Осиёи Марказӣ будааст


Саҳнаи боздошти нафароне, ки ба қавли ФСБ, марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. 25-уми ноябр
Саҳнаи боздошти нафароне, ки ба қавли ФСБ, марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. 25-уми ноябр

Дар миёни панҷ касе, ки бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар вилояти Маскав дастгир шуданд, як зодаи Осиёи Марказӣ ҳам будааст.

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 25-уми ноябр гуфт, аз фаъолияти як гурӯҳи минтақавии марбут ба ДОИШ пешгирӣ кард.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ширкатдорони гурӯҳ мехостанд, дар метрои Маскав “харобкорӣ” кунанд. “Инчунин, ҳадафи онҳо ҷалби шахсони бештар ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ва маблағгузор ба терроризм буд”, -- омадааст дар баёнияи ФСБ.

Хабаргузории ТАСС навишт, яке аз боздоштшудаҳо иқрор шудааст, ки узви гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” аст. ФСБ ҳамзамон аз ошкор ва мусодира шудани як бомбаи худсохт хабар дод.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз соли 2014 дар Русия мамнуъ ва террористӣ шинохта шудааст.

Дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ аз ношаффоф будани чунин парвандаҳо интиқод карда, гуфтаанд, ҳолатҳои сохтакорӣ дар чунин ҷиноятҳои сангин кам нест. Чизе, ки мақомоти Русия ҳамвора рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG