Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум гуфт, "ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин поймол мешавад"


Поп Франсис
Поп Франсис

Попи Рум Франсис бори аввал дар маҳзари ом аз уйғурҳои Шинҷон ҳамчун қавми бумие дар Чин ёдовар шуд, ки мавриди таъқиб қарор доранд ва ҳуқуқашон поймол мешавад.

Франсис дар як китоби наваш бо номи “Биёед, орзу бикунем: Роҳи ояндаи беҳтар”, ки 23-юми ноябр чоп шуд, мегӯяд: “Ҳамеша дар бораи одамоне фикр мекунам, ки таҳти таъқиб ҳастанд: дар Роҳинҷа, уйғурҳои бечора, язидиҳо – коре, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” кард, як ваҳшоният аст, ва ё масеҳиён дар Миср ва Покистон ҳангоми намозхонӣ дар калисо бо бомба кушта шудаанд”.

Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар “қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба "марказҳои бозтарбия" андохта шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи "марказҳои бозтарбия" дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.

Чанд нафар аз онҳое, ки дар чунин муассисаҳо нигаҳдорӣ шудаанд, ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки онҳо ва ҳам наздиконашон мавриди шустушӯи мағзӣ ё идеологӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо зӯроварии ҷисмонӣ раво дидаанд ва занҳо гуфтанд, ки онҳоро аз амалиёти безурёткунӣ гузарониданд.

Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо “марказҳои тарбиявӣ” буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.

Жао Лиян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар вокуниш ба изҳори назарҳои Попи Рум андешаҳои ӯро “беасос” номид. Ӯ рӯзи 24-уми ноябр дар изҳороте гуфт: “Мардуми ҳама гурӯҳҳои миллӣ аз ҳуқуқи пурра барои рушд, озодӣ ва эътиқоди динӣ бархӯрдор ҳастанд”.

Баъди дар соли 1949 сари қудрат омадани коммунистҳо дар Чин, дар ин кишвар рӯҳониёни католик боздошт шуданд ва Чину Ватикан ҳеч гоҳ бо ҳам равобити расмии дипломатӣ надоштанд.

Уйғурҳо гурӯҳи азимтарини туркзабон дар вилояти Шинҷони Чин ҳастанд ва дар ҷойи дуюм аз назари шумора қазоқҳо мебошанд. Дар ин минтақа ҳамчунин қирғизҳо, тоҷикҳо ва намояндагони қавми ҳуй ва ё дунганҳо зиндагӣ мекунанд.

Ҳанҳо, ки дар Чин қавми аксарият ба шумор мераванд, дар Шинҷон баъди уйғурҳо дуюмин қавми серҷамъият ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG