Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш дар Бомиёни Афғонистон 14 касро кушта 15 нафарро маҷрӯҳ кард


24-уми ноябр. Мурдахонаи бемористони Бомиён. Қурбониҳои таркишҳои хунинро дар ин ҷо мегузоранд

Дар паи ду таркише, ки рӯзи 24-уми ноябр дар вилояти марказии Бомиёни Афғонистон рух дод, дастикам 14 нафар кушта ва 45 тан захмӣ шуданд. Таркиши ду бомбае, ки дар роҳи марказӣ ба сӯи бозори маҳаллӣ ҷойгузорӣ шуда буд, боиси кушта шудани 12 мулкӣ ва ду ходими полиси роҳ шуд. Дар ин бора Забардаст Сафоӣ, раиси полиси вилояти Бомиён ба матбуот хабар дод ва гуфт, онҳое, ки маҷрӯҳ шуданд, аксарият муштариёни тарабхонаву фурӯшгоҳҳое буданд, ки дар назди маҳалли таркиш қарор доштанд. Бомиён макони зисти аксар ҳазораҳои шиамазҳаб аст ва то ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст. Толибон даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад карданд. Ториқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон шумори қурбониҳо дар ин ду таркишро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Соли 2001 дар Бомиён Толибон пайкараҳои азими Буддоро тарконданд, ки давоми чанд ҳазор сол дар девори кӯҳе нигаҳдорӣ мешуданд. Баъди он ҳодисаҳо минтақа нисбатан ором буд. Ҳодиса дар рӯзе рух дод, ки дар Женева донорҳои байналмилалӣ ваъда доданд, ки ба Афғонистон барои барқарории баъдиву истиқрори сулҳ миллиардҳо доллар ёрӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG