Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кард. Муҳоҷирон норозиянд


Муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик.
Муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик.

Маъмурони пулис дар шаҳри Маскав 15 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд ва додгоҳ қарори ихроҷи онҳоро аз Русия содир намуд.

Бобоҷон, яке аз муҳоҷирони боздоштшуда, рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пулис онҳоро дар ҷараёни як амалиёт боздошт кард. Ба қавли ӯ, қисме аз муҳоҷирон патент ё иҷозаи кор доштанд ва баъзеи дигар барои дароз кардани муҳлати он ба мақомот ариза дода буданд.

Ба қавли Бобоҷон, онҳоро рӯзи 23-юми ноябр ба идораи пулис бурда, як шаб нигоҳ доштаанд. "Субҳи дигар ба додгоҳ бурданд. Дар онҷо моро 5 ҳазор рублӣ ҷарима баста, қарори ихроҷи моро аз Русия содир карданд. Ба мо панҷ рӯз муҳлат доданд, ки аз Русия берун равем", -- иброз дошт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори раиси ҷумҳури Русия, муҳоҷирони корӣ то 15-уми декабр аз сабти номи маҳалли зист озоданд ва бе гузаштан аз марз ҳақ доранд, муҳлати патентро дароз кунанд.

Бобоҷон, муҳоҷири боздоштшуда, гуфт, барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон занг заданд, аммо то кунун ёрие нагирифтанд. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, дар суҳбатҳои қаблии худ гуфта буд, шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия хеле зиёд аст ва ёрии ҳуқуқӣ расонидан ба ҳама аз имкон берун аст.

Пулиси Маскав сабабҳои ихроҷи муҳоҷиронро шарҳ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG