Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи кории СММ боздошти Билашро дар Қазоқистон ғайриқонунӣ номид


Серикҷон Билаш, фаъоли маданӣ дар Қазоқистон.

Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона дастгир кардани фаъоли маданӣ ва раҳбари созмони сабтиномнашудаи "Нағыз Атажұрт" (Атажурти воқеӣ) Серикҷон Билашро дар моҳи марти соли 2019 дар Қазоқистон ғайриқонунӣ номид.

Дар ин бора созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom Now, ки бо ҳимояти ҳуқуқи маҳбусони эътиқодӣ машғул аст, хабар дод.

Гуруҳи кории СММ 18 ноябр дар изҳороти худ гуфтаанд, "мақомоти қазоқ Билашро "барои истифода аз ҳуқуқи озодии баён" мавриди таъқиб қарор доданд ва банди 174-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон наметавонист барои боздошти фаъоли маданӣ асос бишавад.

Ба навиштаи Freedom Now, гуруҳи кории СММ бори нахуст парвандаеро баррасӣ кард, ки дар он банди 174-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон (ангехтани бадбинии миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва динӣ) истифода шудааст.

"Боздошти бидуни асоси Билаш аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон барои изҳори осоиштаи назари худ дар Қазоқистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд", - гуфтааст ҳуқуқшиноси Freedom Now Адам Ледмат.

Серикҷон Билаши 46-сола қазоқтабор ва зодаи минтақаи Шинҷони Чин буда, шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кардааст. Билашро моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Алмато дастгир карда, сипас ба шаҳри Нурсултон интиқол доданд ва дар онҷо 5 моҳ дар ҳабси хонагӣ буд.

Мақомоти Қазоқистон ӯро дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мекарданд, вале худи вай ин иттиҳомро рад карда, ҳабси худро сиёсӣ меномид.

XS
SM
MD
LG