Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко дар Маскав


Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко

Дар Маскав мулоқоти раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гашт. Ин сафари нахустини ӯ дар ин мақом ба Русия аст.

Дар мулоқоти рӯзи 24-уми ноябр зикр шуд, ки ду кишвар бояд робитаҳоеро, ки дар асари ҳамагири КОВИД-19 ба мушкил рӯбарӯ шудаанд, барқарор кунанд ва густариш диҳанд.

Бино бар маълумоти сомонаи расмии Шӯрои Федератсияи Русия, мулоқот бо ширкати ҳайатҳои ду ҷониб баргузор шуда, дар он тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро коршарикии стратегӣ унвон кардаанд. Раиси палатаи болоии порлумони Русия рушди ҳамкориҳоро “начандон бад” номидааст. Рустами Эмомалӣ гуфтааст, Тоҷикистон ба ҳамкории гуногунсамт бо Русия таваҷҷуҳи зиёд медиҳад ва “ҳамкориҳои порлумонӣ як бахши бунёдии ин равобит” аст.

Хабаргузориҳои Русия дар бораи ин дидор ҷузъиёти зиёд наовардаанд. Аз ҷумла, маълум нест, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони тоҷикистониро баррасӣ кардааст ё на.

Матвиенко хабар додааст, ки Рустами Эмомалӣ рӯзи 25-уми ноябр бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва ноиби сарвазири Русия, ҳамраиси кумиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия Алексей Оверчук дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Ҳамчунин қарор аст, ҷаласаи комиссияҳои байнипорлумонии ду давлат ҷараён гиранд.

Ҳарчанд Матвиенко ба "арзишмандии амалии ин комиссия дар тӯли солҳои мавҷудияташ" ишора кард, дар ин солҳо ҳайати мазкур ба ҳалли мушкилоти асосии байни ду давлат, яъне вазъи муҳоҷирон даст наёфта, таъсири он ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бузург арзёбӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG