Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқкушӣ ба соҳибкорони Узбекистон даҳҳо ҳазор доллар зиён овардааст


Симҳои барқ. Акс аз бойгонӣ.
Симҳои барқ. Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар пайи се рӯзи хомӯш кардани неруи барқ 6 ҳазор мурғи як соҳибкори маҳаллӣ талаф шудааст.

Дар ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанди он кишвар як кишоварз ба далели сармо задани ниҳолҳои гармхонааш 35 ҳазор доллар зиён дидааст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон рӯзи 22 ноябр хабар додаанд.

Блогнависи узбекистонӣ Комил Фахриддинов хабар дод, ки аз 18 то 20 ноябр дар ноҳияи Яккабоғ неруи барқро хомӯш кардаанд. Дар натиҷа 6 ҳазор чӯҷаи мурғи соҳибкор Абдунабӣ Ғиёсов талаф ёфтааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин аз хомӯш шудани неруи барқ дар зоишгоҳ ё таваллудхонаи ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд хабар дода, онро танқид карданд.

Вазорати энержии Узбекистон мегӯяд, ки дар натиҷаи фаро расидани сардиҳо талабот ба неруи барқ афзуда ва ин боиси аз кор мондани хатҳои барқ шудааст.

XS
SM
MD
LG