Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти сокинони Алмато ба ҷонибдорӣ аз ҳайвонҳо


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо сокини шаҳри Алматои Қазоқистон 21 ноябр бо талаби сахттар кардани ҷазои хушунат ба ҳайвонҳо ва қабули қонуни нав дар бораи масъулияти нигаҳдории онҳо гирди ҳам омаданд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар боғи ба номи Маҳатма Гандӣ баргузор шуда, дар он ҳудуди 50 нафар иштирок доштанд. Бархе аз ҷамъшудаҳо бо фарзандону сагҳои худ иштирок доштанд. Рафти таҷаммуъро рӯзноманигорон ва афроди "ношинос" назорат мекарданд.

Иштирокчиён дар даст лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Онҳо ба ҷуз ту касеро надоранд!", "Онҳо чӣ гуноҳ доранд?", "Моро аз бераҳмон ҳимоят кунед!", "Ҳайвонҳо бозича нестанд-шарм бод ба Қазоқистон!", "Қазоқистон ба қонун дар бораи ҳимояти ҳайвонҳо ниёз дорад"-ро доштанд.

Яке аз созмондиҳандагони таҷаммуъ Наталя Шамсуддинова гуфт, ӯ ва ҳамфикронаш зидди харҷ шудани пулҳои буҷаи давлат ба хадамоте ҳастанд, ки ҳайвонҳои бесоҳибро дар кӯчаву хиёбонҳо дастгир мекунанд.

Созмондиҳандагони таҷаммуъ гуфтанд, шаҳрдории Алмато танҳо баъди дархости севумашон ба баргузории ҳамоиши осоишта иҷозат дод.

XS
SM
MD
LG