Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар бемористон даргузашт


Сафар Аюбзодаи Маҳзун 20-уми ноябр навишта буд, ки зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъист
Сафар Аюбзодаи Маҳзун 20-уми ноябр навишта буд, ки зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъист

Сафар Аюбзодаи Маҳзун, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, дар 64-солагӣ даргузашт.

Хайрандеш, шоири тоҷик ва яке аз дӯстони Маҳзун, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ шоми 21-уми ноябр дар бемористон ҷон дод. "Чанде пештар писараш занг зада буд ва маро хабардор кард. Фавти ӯ талафоте ба бахши адабиёти тоҷик аст", -- гуфт Хайрандеш.

Фурқат Саидзода, раҳбари шашмақомхонҳои Тоҷикистон, низ аз қавли як корманди Маркази тиббии рақами 1 дар Душанбе (бемористони "Якум Советский") навишт, ки Сафар Аюбзодаи Маҳзун шоми якшанбе даргузашт.

Қарор аст, маросими видоъ бо ӯ 22-юми ноябр дар хонааш, маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, баргузор шавад.

Иллати расмии марги ӯро эълон накардаанд, аммо дӯстонаш мегӯянд, ӯ аз бемории ҳамагир муолиҷа мегирифт. Худи шоир як рӯз пеш дар Фейсбук навишта буд, ки дар бемористони "Якум Советский" зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аст.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Бародари 70-солааш Бобохон Аюбов моҳи майи имсол дар шифохонаи "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе даргузашт. Мегӯянд, илтиҳоби дутарафаи шуш буд, вале Сафар Аюбзодаи Маҳзун навишта буд, ки бародараш аз коронавируси нав даргузашт.

XS
SM
MD
LG