Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷикро барои "қаллобии нодир" дастгир карданд


Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе мегӯянд як нафарро, ки аз роҳи фиребу зӯрӣ телефонҳои ҷавононро мегирифт, дастгир карданд. Дар дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Акбарҷони Назарзода, сокини маҳаллаи “Теппаи самарқандӣ”, худро корманди Комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карда, чанд ҷавонро тарсонида телефонҳои ҳамроҳашонро гирифтааст.

Ба қавли мақомот, Акбарҷони Назарзода, ба ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ мегуфтааст, ки корманди комиссариат аст ва онҳоро ба артиш мебарад ва бо гирифтани телефон, онҳоро ҷавоб медодааст.

Акбарҷони Назарзодаро ҳафтае пеш дастгир кардаанд ва бо ҷавононе, ки телефонҳояшонро аз худ кардааст, рӯ ба рӯ карда мешавад. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯ аз ҳамин роҳ аз 13 ҷавон телефони мобилӣ гирифтааст. Ба зидди ин ҷавон бо иттиҳоми “қаллоб” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG