Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 18-уми ноябр дар маҷмааи варзишии АГМК-и шаҳри Олмалиқи Узбекистон баргузор шуд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Алишер Сафаров ба самар расонид. Ӯ ба голи Юлдошбой Салимбоев дар охири нимаи аввали бозӣ посух дода, ҳисобро баробар кард – 1:1. Дар 20 дақиқаи нимаи дувуми дидор ҳисоб тағйир наёфт.
Бозии дӯстона
Қирғизистон – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Юлдошбой Салимбоев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).
18-уми ноябр. Олмалиқ. Маҷмааи варзишии АГМК.
Як рӯз пеш, 17-уми ноябр, мунтахаби Қирғизистон дар бозии аввали дӯстона дар Олмалиқ аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буд.
Узбекистон - Қирғизистон - 2:1
Голҳо: Тулқинов, 18, Эркинов, 31 - Абдилдаев, 6.
17-уми ноябр. Олмалиқ. Маҷмааи варзишии АГМК.
Бозии дувуми дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Олмалиқ имрӯз, 19-уми ноябр, бо дастаи мизбон – Узбекистон – доир мегардад.
Ин бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё баргузор мешаванд.
Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт барпо мегардад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).