Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкдори пешинро дар Қазоқистон 11 сол зиндонӣ карданд


Мурофиаи Жомарт Ертаев. Моҳи декабри 2019
Мурофиаи Жомарт Ертаев. Моҳи декабри 2019

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон бонкдори пешин Жомарт Ертаевро ба ғорати 329,5 ҳазор доллар аз бонки RBK айбдор ва 11 сол зиндонӣ кард. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 17-уми ноябр навиштанд, баррасии парвандаи ҷиноии мазкур моҳи декабри соли 2019 шуруъ шуда буд. Дар ин қазия 37 нафар муттаҳам буданд ва дар ҷараёни баррасии парванда як нафари онҳо вафот кард. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон мегӯянд, ғорати 329 ҳазор доллар аз соли 2011 то 2017 сурат гирифтааст. Бисёре аз айбдоршавандаҳо дар додани қарзҳои бебозгашт даст доштаанд. Додгоҳ дар ин парванда Жомарт Ертаевро айбдоршавандаи асосӣ номид. Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар бонки мазкур кор накардааст. Ӯро соли 2018 дар Маскав боздошт ва баъдтар ба Қазоқистон таслим карданд.

XS
SM
MD
LG