Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марги онҳоро сактаи қалб менависанд". Чаро беморон дар Туркманистон ба шифохона намераванд?


Вазъи яке аз бемористонҳои Туркманистон

Аксари беморон дар Туркманистон ба шифохона намераванд ва дар хона муолиҷа мекунанд. Бемороне, ки дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ мешаванд, бояд бо худ кӯрпаву хӯрок ва доруву ҳезум баранд.

Бештари сокинони вилоятҳои Лабиоб (Лебап) ва Дашоғуз аз он шикоят мекунанд, ки дар беморхонаҳои давлатӣ тақрибан ягон шароит барои муолиҷа вуҷуд надорад. Онҳо мегӯянд, бояд аз хона 3 бор хӯроки гарм биёранд, зеро дар шифохонаҳои маҳаллӣ хӯрок намедиҳанд.

Дарвоқеъ, беморхонаҳои деҳаҳои Туркманистон бо таҷҳизоти муосир ва дору таъмин нестанд. Беморон мегӯянд, онҳо маҷбуранд, доруро худашон пайдо кунанд ва бихаранд ё бо пешниҳоди пораву маблағ аз пизишкон дастрас намоянд.

Бинобар ин, ба гуфтаи сокинони деҳаҳои Туркманистон, дар чунин шароит онҳо аксаран аз рафтан ба беморхона худдорӣ меварзанд ва бо гирифтани дорухат аз пизишкон муолиҷаро дар хона идома медиҳанд.

Беморон аксаран дар машварат бо парасторон, барои сузандору ва хадамоти дигари тиббӣ онҳоро ба хона даъват мекунанд ва ҳаққи хидматашонро медиҳанд. Аммо дар Туркманистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки аксари сокинон ба бекорӣ ва камбизоатии сахт рӯ ба рӯянд, на ҳама чунин имконият доранд.

Бемороне, ки имкони даъвати духтуронро ба хона надоранд, мегӯянд, аз хешовандон ё ҳамсояҳояшон ёрӣ мехоҳанд, то ба ҷойи парасторон ба онҳо сузандору гузаронанд ва ё нигоҳубин кунанд. Ҳарчанд ин афрод оддитарин дониши тиббиро надоранд.

Сокинон мегӯянд, дар баъзе аз ҳолатҳо, ҷалби чунин парастороне, ки огоҳии тиббӣ надоранд, бо пайомадҳои нохуб меанҷомад. Мавридҳое низ будааст, ки дар пайи нодуруст гузаронидани дору, баъзе аз беморон ба маризии ҷиддии дигаре гирифтор шудаанд.

Як сокини вилояти Лабиоби Туркманистон рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мардум медонанд, ки хатарнок аст, вале илоҷ надоранд, чун барои даъвати духтурони соҳибмаълумот ба хона маблағ надоранд.”

Бо ин ҳама касе ошкоро аз вазъи сангини беморхонаҳо шикоят ва аз мақомот интиқод намекунад. Сабаб ҳам дар низоми авторитарии Туркманистон аст, ки бо саркӯб ва таъқиби мунтақидону дигарандешон маъруф аст.

Амалан хизматрасонии тиббӣ дар Туркманистон ройгон ё бепул аст. Бима ё суғуртаи тиббӣ, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешавад, хароҷоти табобати беморонро дар бемористонҳои давлатӣ мепӯшонад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Дар як даҳсолаи ахир Туркманистон барои сохтани бемористону марказҳои ташхисии замонавӣ, миллионҳо доллар харҷ кардааст. Расонаҳои давлатӣ аксаран президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро, ки дар гузашта духтури дандон буд, дар маросими бошукӯҳи кушодани муассисаҳои тиббӣ нишон медиҳанд.

Вале воқеият аз он чизе, ки дар телевизионҳо нишон медиҳанд, хеле дур аст. Биноҳои замонавӣ ва навтаъсиси тандурустӣ аксаран аз бемор холӣ мемонанд ва танҳо барои як гурӯҳи элита ва доро хизмат мерасонанд.

Мақомоти Туркманистон сари чанд вақт аз сохтмони бемористонҳои муосир хабар медиҳанд
Мақомоти Туркманистон сари чанд вақт аз сохтмони бемористонҳои муосир хабар медиҳанд

Дар Туркманистон маъмулан онҳое, ки маблағ ва захира доранд, барои табобат ба хориҷ аз кишвар мераванд. Аксари беморон барои муолиҷа Русия, Ҳиндустон ва Туркияро интихоб мекунанд.

Сокинон ба донишу огоҳии насли нави пизишкон, махсусан онҳое, ки мактабҳои тиббии Туркманистонро хатм кардаанд, бовар надоранд. Ба гуфтаи онҳо, дар донишгоҳҳои Туркманистон ришваситонӣ реша давондааст ва донишҷӯён метавонанд бе омодагӣ ва бо пул имтиҳон диплом гиранд.

Чанд табиб дар бемористони Ишқобод ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксар пизишкони ҷавон, оддитарин донишу малакаи тиббиро надоранд. Манбаъҳои дигари Радиои Озодӣ дар бемористони Ишқобод гуфтанд, маҳз хунукназарӣ ва хатои табибон як сабаби марги беморон дар шифохонаҳои кишвар аст. Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи дигар ғайриимкон аст

Дар чанд моҳи ахир хатари гирифторшавӣ ба пандемияи коронавирус дар бемористон, мардумро барои рафтан ба муассисаҳои тиббии Туркманистон эҳтиёткор кардааст.

Аксари туркманҳо, ба иддаои ҳукумат, дар бораи он ки дар ин кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус нест, бовар надоранд. Ишқобод аз ягон мавриди сирояти коронавирус хабар надодааст. Вале бисёре аз кормандони беморхонаҳо мегӯянд, “пандемия дар Туркманистон авҷ гирифтааст” ва “вазъият аз назорат берун аст”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Дашоғуз мегӯяд, аксар беморон, махсусан онҳое, ки нишонаҳои коронавирусро доранд, то охирин лаҳза аз рафтан ба бемористон метарсанд.

"Аксари онҳо дар хона мемонанд ва то охир, то бад шудани вазъи сиҳатӣ ва мушкил шудани нафаскашӣ ба пизишкон муроҷиат намекунанд. Сабаби марги онҳоро сактаи қалбӣ ё манъ шудани гардиши хун сабт мекунанд”, -- афзуд хабарнигори Радиои Озодӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, ба хотири зери суол набурдани изҳороти мақомот дар бораи набудани коронавирус дар Туркманистон, ба пизишкон дастур шудааст, ки ба ягон бемор ташхиси коронавирус нагузоранд. Дар айни замон мақомот чораҳои пешгириро сахттар кардаанд. Аз ҷумла, сафари бе зарурати сокинон ба минтақаҳо манъ аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG