Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: "Эшони Сироҷиддинро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд"


Эшони Сироҷиддин. Акс аз наворе аз Ютуб
Эшони Сироҷиддин. Акс аз наворе аз Ютуб

Як манбаи боварбахш дар низоми додгоҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддинро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, рӯҳонии шинохтаро 12-уми ноябр ҳамроҳ бо чанд шогирдаш аз манзили зисташ “бурдаанд”. Бо гузашти панҷ рӯз мақомот дар бораи боздошти Эшони Сироҷиддин ва ё дар куҷо будани ӯ шарҳе намедиҳанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар бораи боздошти Эшони Сироҷиддин хабар надоранд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯҳонии шинохтаро ҳамроҳ бо чанд шогирдаш маъмурони амниятӣ боздошт кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар ин замина ҳеч шарҳе надодааст.

Рӯзи 17-уми ноябр як манбаъ дар низоми додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори ҳабси Сироҷиддин Абдураҳмонов ё Эшони Сироҷиддин аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ содир шудааст. "Қазияи онҳо махфӣ аст ва ба ин хотир ҳеч шарҳе дода намешавад. Онҳоро оварданд ва қарори ҳабси пешакиашонро гирифта, бурданд," -- гуфт манбаъ ба шарти фош нашудани номаш.

Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои пайдо кардани наздикони Эшони Сироҷиддин то ин дам бенатиҷа буд. Гуфта мешуд, ӯ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, аммо ҳамсояҳои ӯ гуфтанд, “рӯҳонӣ бо оилааш аз инҷо кӯчидааст”.

Ҳафтаи гузашта яке аз пайвандони Эшони Сироҷиддин дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро рӯзи 12-уми ноябр намояндагони мақомот "бо худ бурданд". Вай бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "китоб ва компютерашро низ гирифтанд".

Гуфта мешавад дар миёни шахсоне, ки ҳамроҳи Эшони Сироҷиддин боздошт шудаанд, як блогер низ ҳаст. Номи блогер ҳанӯз маълум нест, аммо рӯҳонӣ вақтҳои ахир дар саҳифаи “Садои Умед” дар Ютуб дар масоили динӣ баромад мекард. Навори охирин дар ин саҳифа панҷ рӯз пеш нашр шудааст. Масъулони саҳифа ба зангҳои мо посух надоданд.

Эшони Сироҷиддин бори аввал соли 2009 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” дастгир ва дар моҳи январи соли 2010 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.Ӯро соли 2013 бар асоси қонуни афв озод карданд ва баъд аз он ба ситоиш аз ҳукумат ва сиёсатҳои он пардохт.

Вай аз ҷумла дар як муроҷиатнома аз боло бурдани қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, мардум вақти худро дар ин шабака “зоеъ накунанд." Изҳороет, ки бисёриҳо бо он розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG