Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ваъдаи ҳукумат, эътирозгарон масдудкунии шоҳроҳи Исломободро хотима доданд


16-уми ноябр. Аъзову тарафдорони "Таҳрики Лаббайки Покистон" пулеро ба самти Исломобод масдуд карданд
16-уми ноябр. Аъзову тарафдорони "Таҳрики Лаббайки Покистон" пулеро ба самти Исломобод масдуд карданд

Баъди ваъдаи мақомот дар бораи баррасии талаби берун кардани сафири Фаронса аз Покистон, як гурӯҳи исломии эътирозгар рӯзи 17-уми ноябр масдудкунии роҳи вуруд ба пойтахт - шаҳри Исломободро хотима дод. Баъди он ки моҳи октябр президенти Фаронса Эмманул Макрон аз ҳақи нашри карикатураҳо ҳимоят кард, дар чандин давлати мусалмонии ҷаҳон эътирозҳои зидди Фаронса бархост. Рӯзи 15-уми ноябр аъзо ва тарафдорони гурӯҳи исломии “Таҳрики Лаббайки Покистон” шоҳроҳи даромад ба Исломободро масдуд карданд. Дар таҳаввулоти ҷудо аз он ҳамон рӯз тахминан 5 ҳазор нафар талош карданд аз шаҳри Равалпиндӣ ба Исломобод ворид шаванд, вале мақомот бо контейнерҳои азими борбар пеши роҳи издиҳомро гирифтанд. Раҳбарони тундрави ин эътирозҳо аз ҳукумат талаб доранд, ки сафири Фаронса дар Покистон ихроҷ шавад ва Исломобод ба маҳсулоти сохтаи фаронсавӣ бойкоти расмӣ эълон кунад. Рӯзи 16-уми ноябр вазири умури дохиливу мазҳабӣ бо эътирозгарон муколама кард ва ваъда дод, ки мавзӯи ихроҷи сафири Фаронсаро бо аъзои парлумон дар миён мегузорад.

XS
SM
MD
LG