Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон субҳи имрӯз, 17-уми ноябр, озими Тошканд шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе бо худ ба Узбекистон 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдониро бурдааст. Вале бозигарони бошгоҳи «Сипар»-и Хуҷанд Собирҷон Гулаков ва Иқбол Воситзода, инчунин Умед Қузиев аз дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба иллати осеб дидан дар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунанд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад, 18-уми ноябр бо мунтахаби Қирғизистон ва 19-уми ноябр бо дастаи мизбон – Узбекистон - рақобат мекунад.
Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё доир мегардад. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мушарраф мешавад. Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 12-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Бозиҳои дӯстона
18-уми ноябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
19-уми ноябр (панҷшанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон