Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Қазоқистон талош доранд, монеаҳои боркашониро бартараф кунанд


Як гузаргоҳи марзӣ миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.
Як гузаргоҳи марзӣ миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.

Нуран Ниёзалиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 16 ноябр бо сафири Қазоқистон дар Қирғизистон Кайрат Нурпеисов мулоқот кард.

Ду ҷониб дар ин мулоқот бартарафсозии монеаҳои убуру мурури мошинҳои боркашро аз марзи Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ кардаанд. Муовини вазири хориҷии Қирғизистон аз сафири Қазоқистон хостааст, ки барои бартарафсозии монеаҳои убур аз марз чораҷӯӣ кунанд.

"Ҷонибҳо ба ташкили шароити мусоид барои соҳибкорону кишоварзон ва истеъмолгарони Қирғизистону Қазоқистон таъкид карданд", - хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Қазоқистон шуруъ аз оғози моҳи ноябр чораҳои маҳдудкунандаро дар марз тақвият бахшид. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин тасмим ба авҷгирии бархе аз бемориҳо дар ҳудуди Қазоқистон вобаста аст.

XS
SM
MD
LG