Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ваксина то моҳи апрел дастраси омма мешавад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки ваксина ба зидди коронавирус то моҳи апрели дастраси омма мешавад.

Ӯ дар ҳоле аз дастраси омма шудани ваксина дар моҳҳои оянда хабар дод, ки ин вирус бо суръат дар Амрико доман паҳн мекунад ва афзудани теъдоди беморони бистарӣ баъзе иёлатҳоро маҷбур кард, маҳдудиятҳову меъёрҳои беҳдошти сахттар кунанд.

Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 13-уми ноябр доир ба кори ситоди ҳукуматии мубориза бо СОVID-19 суҳбат кард ва дар бораи талошҳои ҳукуматаш барои офаридани ваксина ва муолиҷаи беморӣ гуфт.

Ширкати азими дорусозии “Пфайзер”- и Амрико ва ширкати олмонии “Бионтек” ҳафтае, ки гузашт, гуфтанд, ваксинаи офаридаи онҳо инсонро то 90 дар сад аз бемории СОVID-19 эмин нигаҳ медорад. Ширкати дигари амрикоӣ “Модерна” ҳам гуфтааст, ки ба зудӣ доир ба ваксинаи шабеҳ ва коромаде хабар медиҳад.

Доналд Трамп гуфт, интизор дорад, ки ба зудӣ ваксинаи ширкати “Пфайзер” барои истифода иҷоза мегирад. Монсеф Слау, аз раҳбарони ситоди мубориза бо беморӣ гуфт, мумкин аст, то охири сол ба ду ваксина дар Амрико иҷозаи истифода бидиҳанд ва то баъди ин дар як моҳ 20 миллион ваксина барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва мардуми осебпазир тақсим карда мешавад. Ба қавли ӯ баъдан мумкин аст, ҳар моҳ аз 25 то 30 миллион нафар ваксина ба зидди СОVID-19-ро бигиранд.

XS
SM
MD
LG