Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се филми узбекистонӣ даъвогари ҷоизаи "Оскар" шуданд


Акс аз бойгонӣ.

Рӯйхати филмҳои узбекистоние нашр шуд, ки даъвои ҷоизаи Академияи санъати синамо ва илми амрикоӣ - "Оскар"-ро доранд.

Бино ба ин рӯйхат филми "Ибрат"-и Ҷаҳонгир Қосимов, "Хобҳои беранг"-и Аюб Шаҳобиддинов ва "Ду ҳазор суруди Фарида"-и коргардон Ёлкин Туйчиев ба бахши "Беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ"-и ҷоизаи "Оскар" пешниҳод шудаанд.

Интихоби филмҳо барои ҷоиза 25 апрели соли 2021 дар Лос-Анҷелеси ИМА баргузор мешавад.

Соли 2019 бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Узбекистон, Комисияи миллии синамои Узбекистон ва дигар ниҳодҳои он кишвар Кумитаи Оскари Узбекистон таъсис шуд.

Бори аввал филми "Нони гарм"-и коргардон Умеда Ҳамдамова аз Узбекистон дар озмуни ҷоизаи "Оскар" ширкат кард.

XS
SM
MD
LG