Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Армен Ҷигарханян даргузашт


Ҳунарпешаи маъруф дар садҳо филм нақш бозидааст.
Ҳунарпешаи маъруф дар садҳо филм нақш бозидааст.

Армен Ҷигарханян, яке аз маъруфтарин ҳунарпешагон дар аҳди Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар синни 86-солагӣ дар гузашт. Дар ин бора Театри драммавии Маскав хабар дод. Ҷигарханян мудири ҳамин театр буд. Сабаби маргашро нагуфтаанд

Ӯро дар саросари қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон бисёриҳо мешиносанд. Армен Ҷигарханян дар 250 филм аз ҷумла, филмҳои маъруфи “Теҳрон-43”, “Ҷойи мулоқотро набояд тағйир дод” нақш бозидааст.

Ҳунарпешаи маъруф дар шаҳри Ереван ба дунё омада ва онҷо таҳсил кардааст. Сипас ӯро барои кор ба Маскав даъват карданд ва ҳамингуна инҷо монд. Соли 1996 Театри драммавии Маскавро таъсис дод. Маросими дафни ӯ рӯзи 17-уми ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG