Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона дар Дубай аз тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми панҷшанбеи 12-уми ноябр дар варзишгоҳи "Зобил" доир гардид.
То дақиқаи 29-уми бозӣ ҳисоб 2:0 ба нафъи футболбозони тоҷик буд. Ҳисобро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 10-ум кушод. Голи дувуми меҳмононро Комрон Турсунов дар дақиқаи 20-ум ба самар расонид. Вале баъдан Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юм (аз пеналтӣ) ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зада, ҳисобро баробар кард – 2:2.
Голи севум ва ҳалкунандаи мизбононро Алӣ Солеҳ дар дақиқаи 4-уми замони изофа ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Ҳамин тариқ, ин бозии дӯстона бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона дар Дубай, ки 7-уми ноябр баргузор шуда буд, аз тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 44-ум, ба самар расонид.
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баъди анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, “ба бачаҳо дилам месӯзад. Онҳо бисёр кӯшиш карда, ду гол заданд, вале ҳисобро нигаҳ дошта натавонистанд. Голи сеюми мизбонон моро шикаст дод. Бачаҳо дар нимаи аввал хуб бозӣ карданд. Вале онҳое, ки дар нимаи дувум ба майдон омаданд, ба ҷараёни бозӣ ҳамоҳанг шуда натавонистанд. Дар даста бозигарони ҷавон зиёданд, ки ба онҳо таҷриба ва маҳорат намерасад. Ин бозиҳои санҷишӣ нишон доданд, ки ба бачаҳои мо касби таҷрибаи бозии байналмилалӣ зарур аст. Рақибонамон - мунтахабҳои Баҳрайн ва Иморот - дастаҳои пурқуввати Осиё мебошанд ва маҳз дар бозӣ бо чунин тимҳои пуртаҷриба мо метавонем камбудиҳои худро ошкор карда, ба бозиҳои расмӣ хуб омодагӣ бигирем.”
Бояд гуфт, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Тошканд аз тими миллии Узбекистон низ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Бозиҳои дӯстона
Баҳрайн – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров (капитан), Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
7-уми ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Тоҷикистон – 3:2
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 10 (0:1). Комрон Турсунов, 20 (0:2). Алӣ Аҳмад Мабҳут Муҳсин Ал-Ҳоҷирӣ, 29 (1:2). Алӣ Аҳмад Мабҳут Муҳсин Ал-Ҳоҷирӣ, 63 – аз пеналтӣ (2:2). Алӣ Солеҳ Ҳамро, 90+4 (3:2).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 66), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Шериддин Бобоев, 66), Парвизҷон Умарбоев (Ислом Зоиров, 82), Манучеҳр Ҷалилов (Шарафҷон Солеҳов, 66).
12-уми ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Зобил».
Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом дод.
Зимнан, кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар як ҷаласаи худ, ки 11-уми ноябр тариқи онлайн баргузор шуд, санаҳои баргузории бозиҳои боқимондаи даври дувуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро тасдиқ кард. Ҳамаи бозиҳои даври дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бояд то 15-уми июни соли 2021 ба анҷом расанд.
Бозиҳои даврҳои ҳафтум ва ҳаштум моҳи марти соли оянда ва бозиҳои даврҳои нӯҳуму даҳум моҳи июн баргузор мешаванд. Даври ниҳоии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё бошад, моҳи сентябри соли 2021 оғоз меёбад.
Бояд гуфт, ки барои мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.
Ҳоло дар гурӯҳи “F» мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд.