Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Украина ва дастёри асосиаш ба СОVID-19 гирифтор шудаанд


Владимир Зеленский ҳангоми видеоконфронс дар рӯзи 12-уми ноябр
Владимир Зеленский ҳангоми видеоконфронс дар рӯзи 12-уми ноябр

Владимир Зеленский, президенти Украина ва яке аз ёварони асосиашро баъди сирояти коронавируси нав дар аввали ҳамин ҳафта дар шифохона бистарӣ кардаанд. Михайло Подоляк, яке аз мушовирони ҳукумати Украина рӯзи 12-уми ноябр ба нашрияи “Украинская Правда” гуфтааст, ки Владимир Зеленский ва Андрей Йермак, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина айни замон дар Шифохонаи Феофания дар Киев табобат мегиранд.

Михайло Подоляк гуфтааст, “барои раиси ҷумҳур як утоқеро муҷаҳҳаз кардаанд, то раиси ҷумҳур конфронсҳо баргузор карда тавонад.” Ба қавли ӯ, Владимир Зеленский, имрӯз конфронсҳои телефонии зиёде дошт ва Андрей Йермак дар утоқи алоҳидае танҳо нигаҳ дошта мешавад.

Мақомоти расмии Украина рӯзи 9-уми ноябр гуфтанд, ки озмоиш собит кардааст, ки Владимир Зеленский ба СОVID-19 гирифтор шудааст, вале “ҳолаш хуб аст ва вазифаҳояшро дар карантини хонагӣ иҷро мекунад.” Баъди он Андрей Йермак низ гуфт, ки коронавирус ба ӯ ҳам сироят кардааст, вале аҳволаш хуб аст.

Бино ба гузоришҳо, дигар мақомоти баландпояи Украина, аз ҷумла вазири молия, дифоъ низ ба СОVID-19 мубтало шудаанд. Мақомоти тандурустӣ рӯзи 12-уми ноябр гуфтанд, дар 24 соати гузашта дар Украина бештар аз 11 000 мавриди собитшудаи СОVID-19-ро сабт кардаанд ва 198 нафар ҳам фавтидаанд. Дар умум коронавирус дар ин кишвар бештар аз 500 ҳазор нафар бемор ва 9145 касро ҳалок кардааст.

XS
SM
MD
LG