Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодиро дар Афғонистон куштанд


Қотилон дар мошини Илёс Дойӣ бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ насб кардаанд. Акс аз рӯзи 12-уми ноябри соли 2020.
Қотилон дар мошини Илёс Дойӣ бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ насб кардаанд. Акс аз рӯзи 12-уми ноябри соли 2020.

Як хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар натиҷаи таркиши бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ дар мошинаш кушта шуд. Фоҷиа субҳи рӯзи 12-уми ноябр сурат гирифт ва дафтари раёсати ҷумҳурӣ онро ҳамла ба озодии баён дар ҳамсоякишвари ҷангзадаи Тоҷикистон номид.

Умар Жвок, сухангӯи раиси вилояти Ҳилманд гуфт, дар мошини Илёс Дойӣ, ки дар шаҳри Лашкаргоҳ маркази вилоят ҳаракат мекард, бомби миқнотисӣ насб кардаанд. Дар натиҷа, бародари Дойӣ, як марду кӯдаки дигаре ҷароҳат бардоштаанд. Ҳеҷ кас, ё гуруҳе масъулияти бомбгузориро бар уҳда нагирифтааст. Илёс Дойӣ 33 сол ва як духтар дошт. Ӯ хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ буд, ки дар Афғонистон бо номи Радиои Афғонистон Озод маъруф аст.

Дейзи Синделар, мудири муваққати Радиои Озодӣ дар баёнияе дар бораи марги хабарнигор гуфт: “Мо аз талаф додани Муҳаммад Илёс Дойӣ, ки ҳамкори далеру сарсупурдаи мо буд, ваҳшатзада ва ғамгин шудем. Ӯ аз азмаш барои гузориш додан аз зодгоҳаш Вилояти Ҳилманд ҳеҷ гоҳ пас намегашт.”

Дейзӣ Синделар афзуд: “Қатли ӯ амали буздилона, нафратангезе аст, ки хонаводаи ҷавонеро ба хок нишонд ва Афғонистонро аз хабарнигори боистеъдоде маҳрум кард, ки шоҳиди тағйирот дар ватанаш буд. Афзоиши хатар ба ҷони хабарнигорон бояд ҳар касеро, ки барои ояндаи амну босуботи Афғонистон сармоя гузоштааст, нигарон кунад.”

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон қатли хабарнигори Радиои Озодиро “сӯиқасд” номид ва гуфт, қатли ӯ кори дасти “душманони озодии сухан ва матбуот дар Афғонистон аст”. Пештар аз қатли Илёс Дойӣ, бо айни шева як хабарнигори шинохтаи дигари Афғонистон ва муҷрии собиқи телевизиони “Тулуъ”-ро куштанд. Бомби миқнотисие, ки дар мошини ӯ дар Кобул насб карданд, ду нафари дигарро ҳам кушт.

Самӣ Маҳдӣ, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Кобул гуфт: “Ҳамкор ва дӯсти азизи ман Илёс Дойӣ, ҷони худро дар ҳамлаи террористии субҳи имрӯз аз даст дод. Ӯ фарди наҷибе буд ва лабханди хосе дошт. Ин хабари ваҳшатнок аст. Илёс ҳамеша ҳамчун азиз дар ёди мо мемонӣ.”

Бо идомаи музокирот байни намояндагони ҳукумат ва гуруҳи Толибон дар Қатар барои хотима додан ба ҷанг, хунрезӣ дар моҳҳои гузашта дар Афғонистон зиёд шудааст. Аз ин музокирот, ки моҳи сентябр оғоз ёфт, доир ба ҳеҷ пешрафте гузориш нарасидааст.

Моҳи майи имсол ду корманди як телевизиони хусусии Афғонистон, аз ҷумла хабарнигору корманди фаннӣ дар натиҷаи таркиши бомби канори роҳ дар шаҳри Кобул кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG