Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қирғизистон аз додгоҳ хост, ҳаводорони ӯро раҳо кунанд


Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар додгоҳ, Бишкек, 11 ноябри соли 2020
Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар додгоҳ, Бишкек, 11 ноябри соли 2020



Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 11 ноябр парвандаи марбут ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тоши Қирғизистон идома кард.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҷаласаи додгоҳ ширкат кард.

"Маро дар ҳабс монед, бе ин ҳам маро 11 сол зиндонӣ кардаанд, аммо нисбати ман ҳеч нишондоде нест. Вақт ҳама чизро исбот мекунад. Ман медонам, дар ниҳоят ҳақиқат пирӯз мешавад. Канат Сагимбоев, Фарид Ниёзов ба хотири он дар ҳабсанд, ки маро нафурӯхтанд. Ман ҳама чизро таҳаммул мекунам. Онҳое, ки дар ҳабси хонагӣ ҳастанд, бигзор дар ҳабси хонагӣ боқӣ монанд. Онҳое, ки дар маҳбас ҳастанд, бояд раҳо карда шаванд", - гуфтааст Отамбоев дар додгоҳ.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG