Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки ба қабули узвияти Македонияи Шимолӣ ва Албания ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо то охири соли ҷорӣ умед мебандад, аз кишварҳои Балкан хост, ки ба ихтилофҳои таърихии худ хотима диҳанд. Олмон то охири соли ҷорӣ раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад. Ӯ дар як конфронси видеоӣ дар София, пойтахти Булғористон рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ки ба ҳам овардани кишварҳои узви, ба истилоҳ, “ҷараёни Берлин” метавонад ҳамгироии минтақаи Балкани Ғарбиро суръат бахшад. Ин дар ҳолест, ки Булғористон бо баҳонаҳои ихтилоф дар таъриху забон пеши роҳи Македонияи Шимолӣ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро гирифтааст. Меркел зимни суханронӣ дар конфронси София гуфт, “Ҷараёни Берлин ва пешрафт дар он ба оштӣ ва гузашт аз ихтилофҳои таърихӣ бастагӣ дорад ва ба ҳамин хотир ҳам мо хостори пешрафт дар ин ҷараён ҳастем”. Ӯ гуфт, “шумо бояд ба ҳамдигар “бале” бигӯед ва ба ҳам оед. Ин хеле муҳим аст”. Конфронси София таҳти мизбонии муштараки Булғористон ва ҳамсояаш Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш нахуствазирони ду кишвар Бойко Борисов ва Зоран Заев як мулоқоти рӯбарӯ барпо карданд, то дар остонаи баррасии узвияти Скопйе дар ИА мушкиле боқӣ намонад.