Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мақомдорони калони Пентагонро ба истеъфо фиристод


Доналд Трамп то ҳол мағлубияташ дар муқобили Ҷо Байденро эътироф накардааст

Вазорати дифои ИМА рӯзи 10-уми ноябр эълон кард, ки дар сатҳи раҳбарияти Пентагон тағйироти калон рух дод ва бар асоси он тарафдорони президент Доналд Трамп чанд мақомро ишғол карданд. Як рӯз пеш аз ин президент вазири дифоъ Марк Эсперро аз мақомаш барканор кард. Тағйирот дар Пентагон 71 рӯз пеш аз тарки мақом кардани Доналд Трамп боиси эҷоди нигаронӣ дар миёни демократҳо ва мақомоти низомӣ шуд, ки аз сиёсати амнияти миллии ИМА ва сиёсатзада шудани вазорати дифоъ сӯҳбат мекунанд. Доналд Трамп то ҳол мағлубияташ дар муқобили Ҷо Байденро эътироф накардааст. Сари кор овардани мақомоти ба ӯ содиқ барои роҳандозии амалҳое, ки Эсперу дигарҳо мухолифи он баромада буданд, масалан, дар кӯчаҳо ҷогир кардани нирӯҳои амниятӣ барои саркӯб кардани эътирозгарон - шароит фароҳам мекунад. Инчунин, хатари ин вуҷуд дорад, ки Трамп ба билофосила тарки Афғонистон кардани нирӯҳо амр медиҳад. Нашрияи New York Times изҳори нигаронӣ кард, ки дар вазорати дифоъ аз он тарс доранд, ки Трамп метавонад алайҳи Эрон ҳам кадом амалиёти ошкор ё ниҳонеро ба роҳ монад, дар ҳоле, ки Байден хостори коҳиши таниш дар равобити ду кишвар аст. Бар асоси тағйироти ахир, се шахси вафодор ба Трамп дар Пентагон мақом гирифтанд. Адам Смит, раиси кумитаи хидмати сарбозӣ дар Маҷлиси намояндагон ва узви ҳизби демократӣ дар изҳороте гуфт, ки дар давраи гузариш роҳ додан ба тағйирот дар сатҳи баландпоя “бисёр хатарнок” аст.

XS
SM
MD
LG