Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз Байден хостанд, ки ба созиши сулҳ пойбанд бимонад

12-уми сентябри соли 2020. Қатар, Давҳа, маҷлисгоҳе, ки аъзои ҳукумати Афғонистон ва Толибонро барои музокироти сулҳ ба ҳам овардааст
12-уми сентябри соли 2020. Қатар, Давҳа, маҷлисгоҳе, ки аъзои ҳукумати Афғонистон ва Толибонро барои музокироти сулҳ ба ҳам овардааст

Толибон аз президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден тақозо карданд, ба созиши сулҳи моҳи феврали Вашингтон бо ин гурӯҳи шӯришӣ пойбанд бимонад, чун, ба гуфтаи Толибон, татбиқи ин созиш “як василаи бисёр муассири” хатми ҷанг дар Афғонистон хоҳад буд.

Гурӯҳи шӯришӣ дар изҳороти рӯзи 10-уми ноябраш гуфт, ки барои иҷрои тааҳҳудоташ ӯҳдадор шудааст. Ин изҳорот дар ҳолест, ки муовини президенти Афғонистон Сарвар Дониш шӯришиёнро дар набуди пешравӣ дар музокироти байниафғонии сулҳ дар музокироти Давҳаи Қатар айбдор кард. Дониш гуфт, Толибон “монеаи калидии” пешрафт дар музокирот бо намояндагони ҳукумат буда, баъди даҳсолаҳо ҷанг ба сулҳ бовар надоранд.

Ӯ инчунин гуфт, ки маъмурияти Байден бояд ҷараёни сулҳ дар Афғонистонро бозбинӣ кунад.

Байден қарор аст моҳи январ дар мақоми президенти 46-уми ИМА савганд ёд кунад. Дар паи имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврали имсол, зиндониҳои ҳарду тараф озод шуда, музокироти байни ҳукумат ва гурӯҳи шӯришӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин бар асоси ин созиш қарор аст то моҳи маи соли 2021 нирӯҳои хориҷӣ хоки Афғонистонро тарк кунанд ва Толибон ҳам бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои ҷангии шӯришӣ иртиботашро қатъ кунад. Бархе дар бораи иртиботи Ал-Қоидаву Толибон суолгузорӣ карда, нозирони СММ дар гузориши моҳи июн гуфтанд, ки ин ду гурӯҳ то ҳол бо ҳам дар тамос ҳастанд.

Толибон ҳамчун барои музокира бар сари оташбаси доимиву тақсими қудрат розӣ шуданд.
Аз замони шурӯи музокирот дар Давҳаи Қатар дар моҳи сентябр то ҳол ҳеҷ пешравие ба назар намерасад, дар ҳоле, ки дар саросари Афғонистон мавҷи хушунатҳо идома дорад ва хабарҳои мухталиф аз ҳамлаҳои идомаёбандаи ҷангҷӯён гузориш медиҳанд. Дар бархе амалиёт нирӯҳои ИМА ҳам маҷбур мешавад, ки аз ҳаво посух диҳад.

Рӯзи 10-уми ноябр оҷонсии иттилооти Афғонистон хабари марги як узви баландпояи Ал-Қоида дар минтақаро расонаӣ кард ва гуфт, ки шахсе бо номи Муҳаммад Ҳаниф дар вилояти ҷанубуғарбии Фараҳ мавриди ҳимояти Толибон буд ва аз ин гурӯҳ сарпаноҳ дарёфт кардааст.

Раёсати миллии амният гуфт, Муҳаммад Ҳаниф ба Осим Умар иртиботи наздик дошт, ки раҳбарии Ал-Қоида дар нимқораи Ҳиндро ба ӯҳда доштааст. Умар соли гузашта дар як амалиёти муштараки нирӯҳои ИМА ва Афғонистон кушта шуд.

Оҷонсӣ гуфт, ки Ҳаниф аслан аз Карочӣ буда, ҷангиёнро аз назари таҳияи бомба барои тарконидани мошин ва дигар васоили мунфаҷира таълим додааст.

Ӯ нахуст узви Толибон буд ва соли 2010 ба Ал-Қоида пайваст. Толибон ин изҳоротро аслан шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG