Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз раҳбари Қирғизистон хостанд, нақши расонаҳои озодро эътироф кунад


Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон
Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон



Созмонҳои расонаии Қирғизистон дар робита ба изҳороти иҷрокунандаи вазифаҳои президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар Рӯзи иттилоот ва нашр изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки он ба ташкили руҳияи бадбинӣ нисбат ба намояндагони ВАО мусоидат хоҳад кард.

Пандемияи коронавирус нишон дод, ки ВАО дар огаҳ намудани шаҳрвандон дар бораи маълумоти мавҷуда ва паҳн кардани хабарҳо дар бораи он ки мақомот ба ин мушкилиҳо чи гуна вокуниш нишон медиҳанд, нақши калидиро мебозад. Рӯзноманигорон сарфи назар аз хастагӣ, фишор, шароити бади кор ва хатари мубталошавӣ ба вирус вазифаи худро анҷом дода, сокинонро аз рӯйдодҳои ҳаррӯза огаҳ мекунанд.

Изҳороту баёнияҳое, ки дар онҳо рӯзноманигорон ба таҳрифи иттилоъ айбдор мешаванд, далелҳои дақиқ надоранд. Агар ба гуруҳҳои ҷонибдорони Ҷабборов дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар андозем, онҳо суханҳои иҷрокунандаи вазифаҳои президентро ҳамчун ҳушдор қабул кардаанд. Яъне, ҳар расонае, ки Ҷабборову тимашро танқид мекунад, ба он набояд бовар кард. Дақиқтараш суханҳои Ҷабборов сабаб шуда, ки рӯзноманигорон ҳадафи таҳдиду таъқиб дар шабакаҳо қарор гиранд.

"Мо аз иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон даъват мекунем, ки нақши расонаҳои озодро дар ҷомеаи демократӣ ба таври оммавӣ эътироф карда, аз бадномсозии рӯзноманигорон худдорӣ кунад. Ҳамчунин барои таъмини дастрасии баробару одилона ба иттилоъ пешниҳод мешавад, ки нишастҳои хабарии мунтазам баргузор ва аз "ошнобозӣ"-ҳои сиёсӣ худдорӣ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи созмонҳои расонаии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG