Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ мустақар мешаванд


Низомиёни Русия дар марзи Арманистон бо Қаробоғи Кӯҳӣ. 10-уми ноябри соли 2020
Низомиёни Русия дар марзи Арманистон бо Қаробоғи Кӯҳӣ. 10-уми ноябри соли 2020

Нирӯҳои посдори сулҳи Русия бар асоси созиши рӯзи 10-уми ноябри миёни Озарбойҷону Арманистон ба хотири хатми ҷангҳои шашҳафтаина дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ мустақар мешаванд. Созише бо миёнҷигии Русия ба хотири хатми ҷанг дар минтақае бо аксар сокини арманитабораш - дар Озорбойҷон боиси хушнудиву ҷашнгириҳо шуд, вале дар Арманистон як бӯҳрони нави сиёсӣ эҷод кард. Шаби 10-уми ноябр эътирозгарони сулҳ бо Озарбойҷон ба биноҳои ҳукумат ва парлумон ҳуҷум карданд. Имзои созиш баъди он даст дод, ки нирӯҳои Озарбойҷон ба муваффақиятҳои низомӣ даст ёфта, баъди ба даст овардани шаҳри стратегии Шуши ҳамакнун ба шаҳри марказии Қаробоғи Кӯҳӣ – Степанакерт наздик мешаванд. Бар асоси ин созиш, Қаробоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он ҳам, ки дар даргириҳои ахир иштирок карданд, дар қаламрави Озарбойҷон мемонад. Ҳамчунин бар асоси созиш бархе минтақаҳо дар марзи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки таҳти назорати Арманистон буданд, бояд ба ихтиёри Озарбойҷон гузаранд. Созиш мегӯяд, ки долони 5-километрии Лочин боз бонда, амнияти онро дар давоми панҷ соли баъдӣ 1960 узви нирӯҳои посдори сулҳи Русия назорат мекунанд. Вазорати дифои Русия гуфт, ки ҳавопаймоҳои нақлиётии ин кишвар ҳомили низомиёну таҷҳизот аллакай ба минтақа парвоз карданд.

XS
SM
MD
LG