Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз рӯзи милитсияе, ки бояд акнун полис шавад


Кормандони полис дар кӯчаҳои Душанбе
Кормандони полис дар кӯчаҳои Душанбе

Дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр Рӯзи милиса дар ҳоле таҷлил мешавад, ки муносибат ба кору фаъолиятҳои ходимони ҳифзи қонун дар ҷомеа якранг нест.

Дар ҳоле, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш саҳми милисаи тоҷикро дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва озодиҳои инсонӣ муҳим арзёбӣ кард, шикоят аз кори ин ҳомиёни қонун, аз ҷумла беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон, хушунат ва шиканҷа бо гумонбар ва боздоштшудагон коҳиш намеёбад.

Рӯзи 9-уми ноябр, дар остонаи ҷашни таъсисёбии мақомоти милисаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмии раёсати ҷумҳурӣ аз “фаъолияти содиқонаи” корманди милиса ситоиш кард ва гуфт, онҳо “барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд”. Президент инчунин аз 2 ҳазор ходими милиса ёдовар шудааст, ки, ба гуфтааш, “дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша” ҷон додаанд. Аммо гуфта нашуд, ки дар он солҳо садҳо нафар аз шахсони ғайрикасбӣ ва дорои доғи судӣ якшаба "полковнику генерал" шуданд ва ба Вазорати корҳои дохилӣ зарур омад, чандин бор бо истифода аз аттестатсия сафҳои худро поккорӣ кунад. Чанд даргирӣ дар шарқи кишвар ва ҳамчунин фирори фармондеҳи собиқи ОМОН Гулмурод Ҳалимов барои пайвастан ба ДОИШ аз натиҷаҳои вуруди афроди тасодуфӣ ба сафҳои милитсия дониста мешаванд.

Ситоиш аз кори милиса дар ҳолест, ки қарор аст соли ҷорӣ барномаи шашсолаи ислоҳот дар сохтори милиса, ки бо ёрии САҲА ва дигар сохторҳои байналмилалӣ анҷом мешавад, хотима ёфта, милиса ба полис табдили ном кунад.

Як ҳадафи барнома ин аст, ки ходимони полис, назири ҳамкасбони хориҷиашон дар Аврупову ИМА, бештар машғули кори таҳқиқу ошкоркунии ҷиноятҳо, ҳимоят аз амнияту ҳуқуқи шаҳрвандон ва назорат аз таъмини тартибу интизом дар ҷомеа бошанд ва сохторҳои дигари марбут ба он, масалан, хадамоти сӯхторнишонӣ, фаъолияти ҷудогона ба роҳ монанд. То куҷо татбиқи ин барнома комёбона ҷараён мегирад, маълум нест, чун мақомот ин мавзӯъро шарҳ намедиҳанд ва ҷаласаҳои баррасии татбиқи ин барнома бо ширкати ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқшиносони ғайридавлатӣ муддатҳост барпо нашудааст. Дар ин миён, тавре хабарнигорон мушоҳида карданд, дар маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр дар таъмини амнияти маросим гурӯҳе аз ҳомиёни қонун бо либоси низомие ҳузур доштанд, ки дар он “Полис” навишта шуда буд.

Вале ба андешаи фаъолони ҳуқуқи башар, мушкили аслӣ дар ислоҳоти низоми милиса на ба табдили ном, балки зарурати тағйири бунёдии кору пайкори ходимони ҳифзи қонун рабт мегирад. Яке аз сангинтарин масоили солҳои охир – вуҷуди шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо ва гумонбарони ҷиноят аст. Ба мушоҳидаи ин фаъолон, шиканҷа бештар бо ҳадафи гирифтани баёнот ваё эътирофи гуноҳ ба кор меравад. Гурӯҳи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ки таҳти чатри Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон риояи ҳуқуқи башар дар кишварро мушоҳида мекунанд, мегӯянд, соли 2019 ба ин созмон дар бораи шиканҷа 70 шикоят ворид шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 26 маврид бештар аст. Ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқ мегӯянд, бо маҳдудтар шудани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон, фишор ва бадрафторӣ нисбати дигарандешону мухолифони сиёсӣ ҳам бештар мешавад.

Мушкили дигар – вуҷуди фасод аст. Дар як аз назарсанҷии камназири мақомоти тоҷик соли 2011, ки бо мусоидати СММ анҷом шуд, гуфта шуд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар шумори 5 сохтори олудатарин ба фасод дар мақоми аввал ҳастанд ва ба гуфтаи 60 дар сади аҳолӣ ришва мегиранд. Бо ин ки матбуот дигар дар бораи баргузории чунин пурсишҳо хабаре надорад, ба бовари коршиносон, вазъ аз он замон тағйир наёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки, тавре матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ҷомеа дар Тоҷикистон бо ин ки аз кормандони ҳифзи қонун интизороти бештар дорад, ҳар як хабари мусбат дар бораи кори ходимони ҳифзи қонун бо дилгармиву рӯҳияи шод истиқбол мешавад. Соли 2018 корномаи ду афсари вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар наҷоти як духтари ноболиғ аз худкушӣ дар Ваҳдат бо ситоиши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд. Вазорати умури дохилӣ дар хабаре аз 30-юми маи соли 2018 гуфт, “ду афсари милиса Ғолибшо Саидов ва Маҳмадӣ Мӯсоев, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, худро ба об андохта “ӯро аз дарёи пуртуғён наҷот додаанд.”

Бархе коршиносон мегӯянд, ки стратегияи ислоҳоти милитсаи тоҷик дар он сурат натиҷа медиҳад, ки рисолати муҳими рияои қонунро худи ҳомиёни қонун дуруст иҷро кунанд, маошу даромади расмии онҳо боло равад, то ҷое барои коррупсия намонад ва бо ахлоқу амали худ милиса барои аъзои дигари ҷомеа намунаи ибрат бишавад.

XS
SM
MD
LG