Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Маскав: Руҳоният наметавонад муҳоҷиронро назорат кунад


Албир Крганов, раиси Идораи маънавии мусалмонони Маскав.

Муфтӣ Албир Крганов, раиси Идораи маънавии мусалмонони Маскав гуфт, муассисаҳои динӣ ба муҳоҷироне наметавонанд, таъсир расонанд, ки пайрави дини ислом ҳастанд.

Ба гуфтаи Крганов, онҳое ки ба Маскав омадаанд, "бо касе машварат намекунанд" ва амалан ба ҳоли худ во гузошта шудаанд ва ба ин хотир ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд.

Барои мисол, муфтӣ аз "гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар пушти дари сафорати Фаронса дар Маскав" ёдовар шуд, ки ширкатдорони гирдиҳамоӣ аксҳои президенти Фаронса Эммануэл Макронро оташ заданд. Ба бовари Крганов, муассисаҳои исломӣ бояд корро бо мусалмонҳое тақвият диҳанд, ки ба Маскав меоянд.

Охири моҳи октябр мусалмонон чанд рӯз пайи ҳам дар назди сафорати Фаронса дар Маскав зидди нашри карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) дар маҷаллаи Charlie Hebdo ва зидди раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

XS
SM
MD
LG