Дар шаҳри Воронежи Русия як сарбоз дар фурудгоҳи низомии «Балтимор» ба сӯи одамон тир кушода, сабаби марги се нафар шуд. Дар Кумитаи тафтишот гуфтанд, ки Антон Макаров сарбози қаторӣ буд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, тирандозӣ соати 5-и субҳи 9-уми ноябр рух дод. Сарбоз аввал ба гурӯҳи низомиён бо табаре ҳамла кард, ки дар девори хадамоти сӯхторнишонӣ овезон буд, аз як нафар силоҳро гирифта баъдан аз он тир холӣ кард. Оҷонсии Интерфакс мегӯяд, ки сабаби тирандозӣ дар қисми ҳарбии Воронеж моҷаро бо афсари тафтишкунанда шудааст. Манбаи ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки сарбози қаторӣ Антон Макаров «бо майор Роман Ермолаев, ки барои санҷиши хидмат омада буд, даъво кард, аз силоҳдони ӯ тапончаро гирифта аввал ба сӯи ин афсар тир кушод». Ронандае, ки ба кӯмаки афсар шитофт ва як сарбози қатории дигар ду қурбонии дигари тири Макаров шуданд. Баъди ин ҳамлагар фирор кардааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Қазияи мазкур аз рӯи моддаи «куштор» таҳқиқ мешавад.
Сарбози русе, ки се нафарро кушт, аз ҷои ҳодиса фирор кард
