Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден тими мутахассисони зидди COVID-19-ро муаррифӣ мекунад


Ҷо Байдени 77-сола баъди шумориши чандинрӯзаи натиҷаҳои интихобот рӯзи 7-уми ноябр барандаи сабқати президентии ИМА номида шуд
Ҷо Байдени 77-сола баъди шумориши чандинрӯзаи натиҷаҳои интихобот рӯзи 7-уми ноябр барандаи сабқати президентии ИМА номида шуд

Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби ИМА ният дорад рӯзи 9-уми ноябр гурӯҳи кории мушовиронеро муаррифӣ кунад, ки бар зидди пандемияи коронавирус кор хоҳанд кард. Ӯ қаблан гуфт, ки “тамоми талошро ба харҷ медиҳад”, то пандемия таҳти назорат гирифта шавад. Рӯзи 7-уми ноябр дар суханронии пирӯзии интихоботии худ Байден гуфт, ки мубориза бо пандемияи коронавирус дар авлавияти кори ӯ қарор мегирад ва рӯзи душанбе исми мутахассисон эълон хоҳад шуд. Муовини мудири тими таблиғотии Байден рӯзи 9-уми ноябр гуфт, ки кори ин тим бояд билофосила шурӯъ шавад.

Натиҷаҳои экзит-пол ё пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии шаҳрвандон дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр нишон дод, ки тарзи бархӯрди ҳукумат ба пандемия мушкили рақами яки мардум мебошад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш Байден бахши аслии танқидҳои худро ба бархӯрди президент Доналд Трамп ба таҳдидҳои коронавирус бахшид. Ин вирус дар ИМА ҷони даҳҳо ҳазор нафарро гирифта, рӯзҳои охир ҳам хеле афзоиш ёфтааст. Дар баробари мубориза бо COVID-19, Байден ваъда додааст, ки ба масъалаи барқарор кардани иқтисод, баробарии нажодӣ ва тағйироти иқлим ба унвони масоили муҳими ҷомеа муроҷиат хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо ба табрики Байден шитофтаанд, президент Доналд Трамп, ки мағлубшуда мебошад, то ҳол на барои эътирофи натиҷаҳои овоздиҳӣ омода шудааст ва на Байденро табрик кардааст. Трамп, бидуни овардани далеле, иддао кард, ки интихобот бо тақаллуб гузашт ва гуфт, ки аз роҳи ҳуқуқӣ натиҷаҳои интихоботро ба чолиш мекашад.

XS
SM
MD
LG