Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар Белорус. Се моҳ боз истеъфои Лукашенкоро мехоҳанд


Пулис дар Белорус роҳи эътирозгаронро бастааст
Пулис дар Белорус роҳи эътирозгаронро бастааст

Дар Минск, пойтахти Белорус рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар ҳамоиши эътирозие бо номи “Марши демократия” иштирок карданд.

Онҳо истеъфои Александр Лукашенко, президенти амалкунандаро доранд ва мехоҳанд аз нав интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Эътирозгарон бо парчамҳои сурху сафед, ки ба рамзи мухолифони ҳукумати Лукашенко табдил ёфтааст, ба хиёбонҳо рехтанд.

Дар хиёбонҳои Минск ҳузури зиёди кормандони пулис мушоҳида шуд, ки дар соатҳои аввали эътироз даҳҳо нафарро боздошт карданд.

Дастраси ба интернет низ маҳдуд шудааст.

Ин эътироз дар ҳолест, ки рӯзи гузашта пулис даҳҳо табибро барои иштирок дар эътирози ғайриқонунӣ боздошт кард.

Эътирозҳо дар Белорус пас аз анҷоми интихоботи рӯзи 9-уми август ба ин тараф давом дорад. Се моҳ боз бо ҳадафи истеъфои Лукашенко ҳазорон нафар эътироз доранд.

Дар интихобот Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Мухолифон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд ва Светлана Тиханвоская дар асл барандаи он шудааст.

XS
SM
MD
LG