Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Сербистон ҷараён дорад, ба финал роҳ ёфт.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Акмалиддин дар риштаи самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило дар се қувваозмоӣ пирӯз шуда, ба финал баромад.
Паҳлавони тоҷик нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Фаронса шикаст дод. Баъдан намояндаи Узбекистон Бектош Назаровро мағлуб кард. Сипас ӯ бар Андрей Лашичук аз Украина дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Акмалиддин дар финал, ки имшаб доир мегрдад, Владимир Гладких аз Русия мебошад.
“Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон ҳамасола ширкат меварад ва борҳо соҳиби ҷоизаҳои нуқраву биринҷӣ гаштааст, вале ба ӯ гирифтани медали тилло муяссар нашудааст. Бинобар ин, ягона орзуяш ба даст овардани медали тиллост”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон рӯзи ҷумъаи 6-уми ноябр Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило аз се қувваозмоӣ дар дутоаш пирӯз шуда, яктоашро бохт.
Паҳлавони тоҷик нахуст рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули “болевой” ё “дард додани даст” шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Сипас Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар вазни то 90 кило медали дигари биринҷиро Алексей Степанков аз Беларус ба даст овард. Сергей Рябов, ки дар финал Неъмат Ёқубови узбекистониро мағлуб кард, боз ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, барандаи медали тилло гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардон дар се вазн:
52 кг
1. Кубарков Андрей (Русия)
2. Тентиев Имонбек (Қирғизистон)
3. Осипян Грачук (Украина)
68 кг
1. Клетсков Никитa (Русия)
2. Саяпин Владислав (Беларус)
3. Галбиати Маттия (Италия)
3. Aнгелов Aнгел (Булғористон)
90 кг
1. Рябов Сергей (Русия)
2. Ёқубов Неъмат (Узбекистон)
3. Устопириён Koмроншоҳ (Tоҷикистон)
3. Степанков Алексей (Беларус)
Ба ҷуз аз Комроншоҳи Устопириён ва Акмалиддин Каримов, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон Тоҷикистонро боз паҳлавони номдор Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило намояндагӣ хоҳад кард. Хушқадам рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр вориди рақобат мешавад.
Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербиcтон дар риштаи самбои варзишӣ миёни наврасон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ мекунад.
"Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқот буданд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Баъди 42 соли пирӯзии паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон, Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон сурат гирифтааст, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкат дорад.