Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Покистон гуфт, ду ҷангҷӯи вобаста ба “Ал-Қоида”-ро кушт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Намояндагони пулиси Покистон гуфтанд, ки дар амалиёте дар шарқи иёлати Панҷоб ду ҷангҷӯйи вобаста ба шабакаи “Ал-Қоида”-ро куштанд. Дар изҳороте, ки 7-уми ноябр нашр шуд, гуфта шудааст, шӯришиёни мусаллаҳ қасд доштанд фаъолиятҳои вайронгаронаро анҷом диҳанд. Умрон Асғар, як мақоми Идораи мубориза бо терроризми Покистон, мегӯяд, ин ду нафар замоне кушта шуданд, ки ба сӯйи пулис тир андохтанд. Вай афзуд, ду шӯришии дигар аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG