Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрон хостанд, таҳқиқотро дар бораи суқути ҳавопаймои Украина шиддат бахшад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як идораи Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон хостааст, ки таҳқиқоташро дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина суръат бахшад. Ин ҳавопаймо моҳи январи имсол дар наздикии фурудгоҳи Теҳрон бо мушак зада шуд. Дар натиҷа 176 нафар ҷони худро аз даст доданд. Созмони байнулмилалии ҳавонавардӣ рӯзи 6-уми ноябр аз Эрон хост, таҳқиқоташро дар ин маврид шиддат бахшад ва натиҷаҳоро дастрас кунад. Бо он ки Эрон дар оғоз даст доштан дар суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украинаро рад карда буд, дертар эътироф кард, ки ҳавопаймо дар натиҷаи “хатои инсонӣ” ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Эрон гуфта буд, сабабгорони ҳодисаро ҷазо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG