Александр Лукашенко рӯзи 7-уми ноябр расман аввалин ва ягона нирӯгоҳи ҳастаии Белорусро кушод ва гуфт, ин кишвари Аврупои Шарқӣ “ба як қудрати ҳастаӣ” табдил хоҳад шуд. Лукашенко гуфт, “нирӯгоҳи Астраветс қадами наве барои оянда, барои таъмини амнияти энержии кишвар аст”. Ин нирӯгоҳро бо даҳ миллиард доллар қарз сохтаанд. Бунёди он дар наздикии шаҳри Астраветс, дар ғарби минтақаи Ҳродна, бо мухолифати Литва дучор шуд. Шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва, аз маҳалли нирӯгоҳ ҳамагӣ панҷоҳ киломтер фосила дорад.