Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса фаъолияти гурӯҳи миллигарои турк бо номи "Гургҳои хокистарӣ"-ро мамнуъ кард


Акс аз бойгонӣ.

Фаронса фаъолияти як гурӯҳи ифротии Туркияро, ки худро "Гургҳои хокистарӣ" мехонад, дар қаламрави худ мамнуъ эълон кард.

Вазорати умури хориҷии Фаронса рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми ноябр хабар дод, ки ин гурӯҳи миллигарои ифротӣ, эътирозҳои хушунатомез алайҳи арманиҳо ташкил кардааст.

Қабл аз ин, дар ду тазоҳуроти шабонаи зиддиарманӣ дар минтақои Лион ва Гренобл, аъзои ин гурӯҳ шиори "мо арманиҳоро хоҳем кушт" сар дода буданд. Онҳо парчамҳои Туркияро дар даст доштанд.

Бинои ёдбуди қатли оми арманиҳо ба дасти Туркия, ки дар шаҳри Лион барпост, охириҳои ҳафтаи гузашта аз сӯи ин гурӯҳ тахриб шуд.

Фаронса ва бархе аз кишварҳо расман қатли оми гурӯҳи калони арманиҳо дар соли 1915 аз тарафи миллигароёни туркро ҳамчун "наслкушӣ" эътироф кардаанд.

Аммо Туркия дар муқобил ин иттиҳомро рад карда, Фаронсаро ба қатли ҳазорон нафар дар кишварҳои қаблан таҳти ишғолаш чун Алҷазоир ва Тунис муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG