Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониёву ИМА ба интихоботи нав дар Беларус даъват карданд


Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео баъди нашри гузориши мустақил дар бораи натиҷаҳои тақаллубкоришудаи интихоботи президентии се моҳи пеш ва саркӯбҳои бераҳмонаи норозиён, ба баргузории интихоботи нави президентӣ дар Беларус даъват карданд. Дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус саросари кишварро эътирозҳои зидди Александр Лукашенко фаро гирифт. Лукашенко баъди 26 соли раҳбарӣ дар ин кишвар дубора баранда эълон шуд, вале Ғарб ва мухолифони ӯ ин натиҷаҳоро қабул надоранд. Дар гузорише, ки ба САҲА дар рӯзи хатми расмии мӯҳлати панҷуми раёсатҷумҳурии Александр Лукашенко тақдим гардид, Рааб гуфт, “ин як ҳукми айбдоркунӣ”-и Лукашенко мебошад. Дар Твиттери худ Рааб навишт, ки “хеле муҳим аст, ки машваратҳои ин гузориш иҷро шуда, интихоботи нав баргузор гардад. Мо пуштибонии худро аз мардумии Беларус дар соатҳое, ки онҳо ба он ниёз доранд, идома медиҳем”. Дар изҳороти худ Помпео гуфт, ки барои Вашингтон “муқовимат ва шарафи мардуми Беларус илҳомбахш аст”. Ӯ аз мақомоти Беларус тақозо кард, ки саркӯбҳоро хотима дода “талаби мардуми Беларус дар бораи баргузории интихоботи озоду одилонаро таҳти назорати мустақил” иҷро кунанд.

XS
SM
MD
LG