Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари олии Эрон интихоботи ИМА-ро “як намоишнома” хонд


Ойтулло Алии Хоманеӣ раҳбарии олии Эрон буда, ҳарфи ниҳоиро дар кишвар ӯ мезанад


Раҳбари олии Эрон интихоботи президентии ИМА-ро масхара карда онро “як намоишнома” хонд ва гуфт, ки ин рақобат заъфи демократияро ба намоиш гузошт. Дар ИМА бо гузашти беш аз 24 соат аз замони баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҷараёни шумориши раъйҳо идома дорад. Рақобати миёни президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден бисёр танготанг ҷараён дошт ва натиҷаҳо ҳам ҳамингуна аз ҳам тафовути хеле кам доранд. Трамп бидуни овардани далел ва шаҳодат иддао кард, ки дар ҷараёни овоздиҳиву шумориши раъйҳо дар Мичиган, Висконсин ва дигар иёлот ба тақаллуб роҳ дода шуд. Иддаои Трампро бисёр ҷумҳурихоҳҳо ҳам интиқод карданд.

Байден гуфт, ки овози ҳар як шаҳрванди ИМА ҳисоб карда мешавад ва тими ӯ ҳам омода аст, ки аз роҳи қонунӣ аз ҳақи худ дар муқобили Трамп дифоъ кунад.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ дар як твиттераш навишт, “чӣ намоишномае!”. Ӯ афзуд: “Яке мегӯяд, ки ин пуртақаллубтарин интихобот дар таърихи ИМА аст. Инро кӣ мегӯяд? Президенте, ки ҳоло сари кор аст”. Хоманеӣ менависад: “Рақиби ӯ мегӯяд, ки Трамп дар талоши тақаллуб кардани натиҷаҳои интихобот аст. Ин аст интихоботи ИМА ва демократияи амрикоӣ”.

Хоманеӣ 81 сол дорад ва ҳарфи ниҳоӣ дар кишвар ҳам бо ӯ аст. Дар Эрон интихобот таҳти назорати шадид мегузарад ва номзадҳо ҳам аксаран намояндагони элитаи низомӣ, сиёсӣ ё динии кишвар мебошанд.

XS
SM
MD
LG