Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави олудашавиҳо ба коронавирус дар ИМА


Рекорди нави олудашавӣ дар ИМА дар ҳолест, ки 3-юми ноябр дар ин кишвар интихобот гузашт ва ҳисобукитоби раъйҳои овоздиҳандагон то ҳол анҷом нашудааст. Кори масъулини интихоботӣ дар шаҳри Атлантаи Ҷорҷиа. 4-уми ноябр
Рекорди нави олудашавӣ дар ИМА дар ҳолест, ки 3-юми ноябр дар ин кишвар интихобот гузашт ва ҳисобукитоби раъйҳои овоздиҳандагон то ҳол анҷом нашудааст. Кори масъулини интихоботӣ дар шаҳри Атлантаи Ҷорҷиа. 4-уми ноябр

Шумори ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ИМА рӯзи дуюм аст, ки рекордӣ мешавад. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ИМА беш аз 123 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ва 1220 ҳодисаи марг ба асари вируси нав ба қайд гирифта шуд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми ноябр дар ин кишвар рекорди нави олудашавии якрӯзаи 99,660 нафар гузориш шуд ва ин омор он замон баландтарин нишондоди якрӯза ба шумор мерафт. Рӯзи 5-уми ноябр дар 19 аёлати ИМА афзоиши рекордии якрӯзаи олудашавӣ ба коронавирус гузориш дода шуд. Афзоиш дар ИМА дар ҳолест, ки дар бисёр дигар кишварҳо, бахусус Аврупо, маҳдудиятҳо дар фаъолиятҳои иқтисодӣ барқарор шудаанд. Айни замон, ширкатҳои дорусозӣ то ҳол талошҳои эҷоди воксинаи зидди коронавирусро идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, полис дар Бритониё гуфт, ки рӯзи 5-уми ноябр 104 нафарро барои нақзи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ҳабс кардааст. Ин нафарон шабонгоҳ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG